Бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин дар муассисаи таҳсилоти томактабии “Ситора”-и ноҳияи Ёвон аввалин гузаргоҳи электронӣ насб карда шуд. Масъулон иқдоми мазкӯро ба хотири даромаду баромад ва назорати дақиқи ҳузури кӯдакон ва кормандон арзёбӣ карданд.
Насби гузаргоҳи электронӣ бо ташаббуси МИҲД – и ноҳия амалӣ карда шуд.
Ҳамчунин тавассути ин гузаргоҳи электронӣ волидайни кӯдакон тариқи барномаҳои махсус аз воридшавӣ ва хориҷшавии фарзандони хеш огоҳ мегарданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ҳангоми боздид аз ин кӯдакистон бо ҷараёни кори гузаргоҳи электронӣ шинос гардида, ба масъулон дастур додааст, ки системаи электронӣ ба таври мунтазам фаъол бошад ва базаи маълумот сари вақт навсозӣ карда шавад.
Блоки рекламавӣ



