Пахтакорон ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100,76 иҷро карданд. Дар ин бора аз Сарраёсати Агентии омори назди Презитденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон имсол дар майдони 10485 гектар кишти пахта гузаронида шуда буд. Нақшаи солонаи ноҳияи Ёвон 22100 тонна буда, вале онҳо, то имрӯз аз нақша зиёд яъне 22268,4 , тонна тиллои сафед ҷамъоворӣ карда, ба корхонаҳои пахтақабулкунии вилоят супориданд, ки ин баробар ба 100,7 дарсади нақша мебошад.
Дар ноҳияи Ёвон 2384 хоҷагиҳои пахтакор ҳаст. Пахтакорони ноҳияи Ёвон талош доранд, ҳосили боқимондаи пахтаро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Нақшаи 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки то имрӯз 189941, тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 74,69 дарсади нақшаи солона аст.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон то ин имрӯз чор шаҳру ноҳия Левакант, Бохтар, Дустӣ ва ноҳияи Ёвон пурра аз иҷрои нақшаи пахта баромадаанд.

Ёвон ҳам нақшаи пахтасупориро иҷро кард
Блоки рекламавӣ


