“Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чароғонкунии кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурӣ оғоз шуд – хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон.
Дар шаҳраки Ёвон дар масофаи умумии 5,5 километр хатҳои нави чароғонкунӣ насб гардида, зиёда аз 1400 чароғи каммасрафи барқӣ, симчӯбҳои муосир ва дигар дастгоҳҳои гуногунранги равшанидиҳанда гузоштаанд. Кӯчаҳои марказӣ ва роҳҳои асосии дохилӣ шабона пурра равшан гардида, барои ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон шароити мусоид ташкил карда шудааст.
Блоки рекламавӣ



