Аз МИҲД-и ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони эҳсонкор чорабинии идонаи солинавӣ баргузор гардид, ки дар доираи он ба кӯдакони ятим ва ниёзманди ноҳия хони идона ташкил, либосҳои зимистона ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Икромиддин Вализода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Насрулло иштирок намуда, зимни сухани табрикотии худ кӯдаконро бо фарорасии Соли нав муборакбод гуфтанд.
Дар фазои тантанавӣ ба кӯдакони ятим туҳфаҳои солинавӣ, шириниҳо, ва дигар маводи зарурӣ тақдим карда шуданд.
Дар интиҳо барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва кӯдакон пешкаш гардида, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

Ёвон: Ба ятимону ниёзмандон кӯмак расониданд
Блоки рекламавӣ


