Дар ноҳияи Ёвон дар арафаи соли нави хониш 28 нафар ятимон ва кӯдакони бепарастор бо либоси ягонаи мактабӣ, пойафзол ва лавозимоти зарурии хониш таъмин шуданд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, ки дар доираи амалисозии сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи оғози соли нави таҳсил, бо ташаббусу дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон аз тарафи раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ба ятимон ва кӯдакони бепарастор либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид. Раиси ноҳия дар суханронии худ зикр намуд, ки дастгирии иҷтимоии ятимон ва кӯдакони ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва чунин иқдомҳои нек дар таҳкими эҳсоси меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ нақши калон доранд.