“Дар деҳаи Саъдии Шерозии Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 мавриди истифода қарор мегирад” – хабар додааст мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Раҷабмурод Муродализода.
Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 Оимноз Бойқозиева иброз намуд, ки «солҳои пеш ба мушкилии нарасидани ҷойи нишаст ва синфхонаҳо гирифтор будем. Хушбахтона, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми сокинону соҳибкорони деҳа бинои иловагии муассисаи таълимиро иборат аз 8 синфхона бо ҷойгиршавии 200 хонанда дар як баст бунёд кардем. Дар ин бино кабинетҳои фаннӣ низ ҷойгир карда шудаанд. Бинои иловагӣ бо мизу курсиҳои нав ва дигар таҷҳизоту аёният муҷаҳҳаз гардонида шудааст».
Ба қавли мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Ёвон Темур Раҷабзода, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон 7 иншоот- се бинои истиқоматии баландошёна бо 274 хонаи истиқоматӣ, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Ғарчашмаи Ҷамоати деҳоти Даҳана бо 7 синфхонаи иловагӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Обшорону Ҷамоати шаҳраки Ёвон мағозаҳои замонавию марказҳои хизматрасонӣмавриди истифода қарор мегиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь