Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 50 км роҳҳои харобгаштаи автомобилгарди ноҳия пурра асфалтпӯш карда шуда, 110 километри дигар пурра битонпуш гардидааст.
Гуфта шуд, ки маблағ сарфшуда дар ин роҳҳо 114 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 45 милион сомониаш дар таъмири 50 км роҳ сарф шудааст.
Тибқи нақша бояд то охири сол дар ноҳияи Ёвон 70 км роҳ пурра асфалтпӯш карда шавад,- гуфт манбаъ.
Блоки рекламавӣ



