Ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар давоми се моҳи соли ҷорӣ бештар аз 4 ҳазору 200 кас муроҷиат карданд, ки аз он  20 ҳолаташ зангҳои беасос ва дурӯғ будаанд.

Директори маркази мазкур Содиқ Абдуллозода, дар суҳбат ба “Фараж” қайд кард, тӯли 3 моҳи соли 2022-юм ба марказ зиёда аз 4 ҳазору 200 нафар муроҷат карданд, ки бештари муроҷиаткунандаҳо  беморони дил мебошанд.  “Аз ҷамъи умумии муроҷиатҳо  1150 нафарашон ба  марказ омода, ба боқимонда дар хонаҳояшон ва ё ҷойи корашон аз ҷониби мутахассисони Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар хизмтаи тиббӣ расонида шуданд”.

Ба гуфти ӯ, то ҳол аз ҷониби шаҳрвандон ба Маркази ёрии таъҷилӣ тамосҳои беасос ва дуруғ мешавад, ҳангоме ки кормнадон ба ҷойи  гуфтаи онҳо мераванд,  мефаҳманд, ки тамосҳо беасосанд ва ё телефоне, ки тамос гирифта  буд, хомӯш аст.

Содиқ Абдуллозода, итилоъ дод, ки айни замон дар марказ 12 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ҳаст, ки аз онҳо 5 ададаш пурра корношоям мебошанд. Шумораи аҳолии шаҳр зиёд шудааст, бояд  дар марказ 13 мошини ёрии таъҷилӣ ба аҳоли  хизмати тиббӣ расонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь