Мирвайс Азизӣ тоҷири милёрдари афғони муқими Дубай барои зилзилазадагони Афғонистон 500 миллион афғонӣ (наздик ба 7 миллиону 200 ҳазор доллар) ба унвони ёрӣ ихтисос додааст. Ин маблағ 5 баробар аз маблағи ёриест, ки худи ҳукумати Толибон (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон) барои зилзилазадгони Афғонистон ҷудо кардаанд. Ёрии онҳо ҳамагӣ 100 миллион афғонӣ аст.
Ҳукумати Толибон (мамнуъ дар Тоҷикистон) рӯзи сешанбе теъдоди қурбониёни ин заминларзаро 1411 тан эълон кард. Зилзила шаби 31-уми август дар се вилояти шарқии Афғонистон – Нангарҳор, Лағмон ва Кунар рух дод. Созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ мегӯянд мардуми зилзилазада ба ёриҳои фаврӣ сахт ниёз доранд. Ҳукумати Толибони мамнуъ дар Тоҷикистон, ки дар сари қудрат аст, аз ниҳодҳои байналмилалӣ ва мардуми сарватманд хостааст, ки ба зилзилазадаҳо ёрӣ расонанд.
Аз саҳифаи “Фесбук”- ии Иршод Сулаймонӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь