Маркази имдодии Арабистони Саудӣ барои ҳафт ҳазор оилаи камбизоат дар Тоҷикистон ёрии башардӯстона медиҳад.
Намояндагони Маркази имдоди Шоҳ Салмон 30-юми декабр зимни ҳамоише дар Душанбе гуфтанд, ба 35 ҳазор кас 7060 сабади хӯрока тақсим карда мешавад.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, маблағи кӯмакҳо 350 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Қарор аст ин ёриҳо дар арафаи моҳи Рамазон аз тариқи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба камбизоатон тақсим карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь