ВАО – и Русия навиштаанд, ки Ёқубҷон Юсуфзода аз Тоҷикистон ва яке аз маҳкумшудаҳои ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дар боздоштгоҳ худкушӣ намуд. Додгоҳи ҳарбии Русия тақрибан як моҳ пеш ӯро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буд.
Хабаргузории расмии “Интерфакс” – и Русия тибқи маълумоти Идораи зиндонҳо навиштааст, ки ҷасади Ёқубҷон Юсуфзодаро шашуми апрел дар боздоштгоҳи муваққатӣ ёфтаанд. Дар ин ниҳод хабар додаанд “вай худкушӣ намуд”.
Ба иттилои манбаъ, “пизишкон зуд ба ҷойи ҳодиса расида, аммо натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Дар робита ба ин воқеа санҷиш идома дорад.”
Ёқубҷон Юсуфзода дар моҳи марти соли 2024 ҳангоми амалиёти “Нелегал” дар Русия дастгир шуд ва мақомот сипас гуфтаанд, ки робитаи ӯ бо ҳамлаварон ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав ошкор шуда аст. Мақомоти Русия ӯро муттаҳам карданд, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини ҳамлаварон бо ҷойи хоб “ба як шарикаш пул фиристодааст”.
Ба иттилои расонаҳо Ёқубҷон Юсуфзода 26 сол дошта, соҳиби се фарзанд мебошад. Вай дар сохтмон ранҷ мекашид.

Ёқубҷон Юсуфзода дар зиндон худкушӣ кардааст
Блоки рекламавӣ


