Соати тиллоии ҷайбӣ, ки аз яке аз сарватмандтарин мусофирони киштии “Титаник” пайдо шудааст, дар музояда ба маблағи 1,3 миллион доллар фурӯхта мешавад.
Исидор Штраус ва ҳамсараш Ида дар байни зиёда аз 1500 нафар буданд, ки 14 апрели соли 1912 ҳангоми ғарқ шудани “Титаник” пас аз бархӯрд бо айсберг кушта шуданд.
Штраус як соҳибкори амрикоӣ ва сиёсатмадори бавариягӣ буд, ки соҳиби Универмаги “Мисси” дар Ню-йорк буд.
Ҷасади ӯро чанд рӯз пас аз ғарқ шудани “Титаник” дар уқёнус пайдо карданд ва дар байни ашёи ӯ соати ҷайби тиллоии 18к буд, ки рӯзи 22 ноябр дар музояда фурӯхта мешавад.
Эндрю Олдриҷ, директори ширкати музоядаи Уилтшири Бритониё, ба Би-Би-Си гуфт: “Бо ин соатҳо мо қиссаи Исидорро нақл мекунем. Ин хотираи аҷиб аст…Онҳо як ҷуфти хеле маъруф дар Ню – Йорк буданд. Ҳамаи онҳо бо анҷоми филми Ҷеймс Кэмерон “Титаник” шинос ҳастанд, ки дар он ҷуфти пир ҳангоми ғарқ шудани киштӣ якдигарро ба оғӯш мегиранд. Ин Исидор ва Ида аст».
“Титаник” шабона тита ғарқ шуд.

Ёдгорӣ аз “Титаник”
Блоки рекламавӣ


