Дар остонаи баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин 27 август дар Осорхонаи миллии Чин намоиши байналмилалии «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» оғоз шуд.
Бисту чор осори пешниҳоднамудаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои намоиши «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» беназираст ва фарогири асрҳои V–IV то милод то асри XX аст.
Қадимтарин экспонати қисми гӯшаи Тоҷикистон ҷузъи тахт дар шакли сари гӯсфанди кӯҳӣ мебошад. Миҷмар (курилница) бо тасвири Буддо, ки ба давраи давлатдории Кушониён (асрҳои I–IV милодӣ) марбут аст, фарҳанги қадим ва таҳаммулпазирии халқро таҷассум кардааст.
Ёдгории Панҷакенти қадим (асрҳои V–VII милодӣ), ки дар ҷаҳон ҳамчун «Помпеи Шарқ» маъруф мебошад, ба мисоли мӯҳр ва санге бо катибаи суғдӣ дохил мегардад.
Намоиши байналмилалии «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» то 16 ноябри соли 2025 давом меёбад.

Ёдгориҳои нодири тоҷикон дар Осорхонаи миллии Чин
Блоки рекламавӣ


