24 декабри соли 2025 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба баргузории Форуми VI ҷавонони театрии кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон ба имзо расид.
Санадро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва Президенти Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодияҳои театрӣ Карина Цатурова имзо карданд.
Тибқи Ёддошти тафоҳум, тирамоҳи соли 2027 бо иштироки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми VI ҷавонони театрии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор мегардад.
Ин Форум, тибқи анъана, ба таҳкими робитаҳои эҷодии ҷавонони соҳаи театр дар кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон нигаронда шуда, Душанбе ба маркази ҷалби коргардонҳо, драматургҳо, ҳунармандон, коргардонҳо ва мунаққидони театрии то 35-сола аз кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон табдил меёбад.
Аҳамияти Форум пеш аз ҳама бо ҳадафҳои он муайян мешавад:
— ҳифз ва рушди робитаҳои фарҳангӣ дар фазои пасошӯравӣ;
— ошкор ва муттаҳид сохтани роҳбарон ва чеҳраҳои ҷавони театрӣ;
— густариши шаклҳои нави ҳамкории эҷодии ҷавонон дар соҳаи фарҳанг ва санъат миёни кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон.
Форум натиҷаи марҳилавии як раванди тӯлонии эҷодӣ ва ташкилӣ хоҳад буд. Дар марҳилаҳои гуногун Шӯрои байналмилалии коршиносон беҳтарин намоишҳоро интихоб намуда, инчунин озмунҳои асарҳои драматургҳои ҷавон ва корҳои саҳнасозони ҷавонро баргузор менамояд.
Барномаи фарогири омӯзишӣ пешбинӣ шудааст, ки дар доираи он ҷавонони театрӣ равияҳо ва консепсияҳои нави рушди санъати театриро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Дар шакли лексияҳо, мастер-классҳо ва мулоқотҳо муошират бо устодони шинохтаи театри муосири Русия ва ҷаҳон баргузор мегардад.
Форуми дарпешистода бо шаклу равишҳои нав дар ташкили раванди эҷодии самаранок фарқ хоҳад кард. Аз ҷумла, дар марҳилаи аввал, баробари интихоби намоишҳои коргардонҳои ҷавон барои иштирок дар Озмуни-намоиши Форум, озмуни асарҳои драматургҳои ҷавон низ гузаронида мешавад, ки онҳо дар Маҷмӯаи алоҳида ҷамъоварӣ мегарданд.
Ҳамчунин, озмуни корҳои саҳнасозони ҷавон баргузор шуда, онҳо ба Каталог ворид гардида, дар доираи Форум дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Гурӯҳҳои коршиносӣ оид ба интихоби намоишҳо, пьесаҳо ва корҳои саҳнасозӣ аз ҳайати байналмилалӣ иборат хоҳанд буд.
Дар ҷараёни Форум ҳайати касбии ҳакамон намоишҳои интихобнамудаи гурӯҳҳои коршиносро тамошо намуда, ғолибонро бо ҷоизаҳои рамзии «Чатрҳои тиллоӣ, нуқраӣ ва биринҷӣ», ки рамзи муттаҳидкунандаи Форуми ҷавонони театрӣ мебошанд, қадрдонӣ мекунад.
Намоиши ғолиби Озмуни-намоиши Форум, тибқи анъана, иштирокчии Фестивали байналмилалии театрии ба номи А.П. Чехов (XIX) мегардад, ки соли 2029 дар шаҳри Москва баргузор мешавад.
ДАР БОРАИ ФОРУМ
Форуми ҷавонони театрӣ дар шакли триеннале – ҳар се сол як маротиба баргузор мегардад.
Бори аввал Форум соли 2012 дар Кишинёв (Молдова), баъдан соли 2015 дар Минск (Беларус), соли 2018 дар Ереван (Арманистон), соли 2021 дар Тошканд (Ӯзбекистон) ва соли 2024 дар Алмаато (Қазоқистон) баргузор шудааст.
Дар ҳар як Форум тақрибан 300 нафар иштирокчӣ аз кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон ширкат меварзад.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь