Дар рӯзҳои охир, кадрҳое, ки дар онҳо занон бе ҳиҷоб дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, марказҳои савдо ва муассисаҳои таълимии Эрон озодона мегарданд, таваҷҷӯҳи зиёд пайдо карданд. Ин боиси он шуд, ки талаботи ҳатмии пӯшидани ҳиҷоб дар кишвар бекор карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта изҳороти сиёсатмадори маъруфи эронӣ, узви Шӯро Муҳаммадризои Боҳунар низ ин андешаро тақвият бахшид. “Риояи қонун дар бораи ҳиҷоби ҳатмӣ дигар зарурат нест ва риоя накардани он ҳеҷ гуна ҷарима, ҷазо е оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор намеорад”, – гуфтааст ӯ. “Шумо метавонед дар ин бора ба пулис низ бигӯед. Аз рӯзи аввал ман ба ҳиҷоби ҳатмӣ бовар надоштам ва ҳоло ҳам бовар надорам” – илова кардааст Боҳунар, ки қаблан вакил ва мушовири раиси парлумони Эрон буд.
Дар мавод таъкид карда мешавад, ки сиёсат воқеияти объективии дар кишвар ташаккулёфтаро ифода мекунанд. Дар ташаккули он, ба ғайр аз муқовимати устувор ва эътирозҳои занони эронӣ, қадамҳои гузоштаи Ҳукумати Масъуд Пизишкиён низ нақши муҳим бозиданд.
Таваҷҷӯҳ ва вокуниши васеъро он ба бор овард, ки ин мавқеъ на аз намояндаи қаноти ислоҳотӣ, балки аз яке аз шахсиятҳои пешбари лагери консервативӣ дар Эрон садо дод. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти Эрон маҷбур шуданд бо воқеияти дар ҷомеа ташаккулёфта бо эътирозҳои оммавӣ, ки моҳи сентябри соли 2022 пас аз куштори Маҳса Аминӣ барои риоя накардани қоидаи ҳатмии пӯшидани ҳиҷоб ва равандҳои минбаъда оғоз ёфт, оштӣ кунанд”, – гуфта мешавад дар навори видеоӣ.

Эрон талаби бастани ҳиҷобро бекор кардааст?
Блоки рекламавӣ


