Гузаштан аз обраҳаи Ҳурмузд тибқи қонуни нави Эрон пулакӣ карда мешавад. “Дар ин бора узви кумитаи амнияти миллии парлумони кишвар Аловудддин Борудҷерди хабар дод” – шабакаи телевизионии SNN.
“Ба зудӣ бо қабули лоиҳаи қонун аз ҷониби маҷлис, системаи нав бар ин роҳи обӣ ҷорӣ хоҳад шуд”, — изҳор дошт Борудҷерди. Ба гуфтаи ӯ, таъмини амният ва хизматрасонӣ ба киштиҳое, ки аз обраҳа мегузаранд, тавассути пардохтҳо анҷом дода мешавад. Дар айни замон, маблағи пардохтҳоро мансабдор мушаххас нагуфтааст. 25 март Эрон ба созмони Байналмилалии баҳрии СММ хабар дод киштиҳои давлатҳое, ки Теҳрон онҳоро душманӣ намешуморад, метавонанд аз обраҳа гузаранд. Дар Эрон амалҳои худро “чораҳои зарурӣ” номиданд, то ИМА, Исроил ва ҷонибдорони онҳо аз ин обраҳа барои амалиёти душманона истифода набаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь