“Эрон талош дорад робитаҳои нақлиётиашро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад ва бо ин кишварҳо роҳҳои оҳанашро бипайвандад. Теҳрон барои ташкили сафарҳо бо роҳи оҳан ба шаҳрҳои Марв (Туркманистон) ва Душанбе (Тоҷикистон) талош дорад” – гуфтааст вазорати нақлиёти кишвар.
Тавре мудири кулли ширкати “Роҳи оҳани Эрон” (RAI) Ҷаббор Алӣ Зокирӣ хабар додааст, ин иқдом метавонад робитаҳои Эронро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад. Хатсайрҳои нав як қисми стратегияи миллии Эрон барои навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аст.
Блоки рекламавӣ