Теҳрон барои сафар тариқи роҳи оҳан ба шаҳрҳои Марв (Туркманистон) ва Душанбе (Тоҷикистон) шароит омода мекунад, ки ин равобити Эронро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ боз ҳам тақвият хоҳад дод. Дар ин бора директори генералии Ширкати миллии роҳи оҳани Эрон (RAJA) Ҷаббор Алӣ Зокирӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин масирҳои нав бахше аз стратегияи Эрон барои таҷдиди зерсохтори нақлиётӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аст. Дар бораи кай ба роҳ мондани хатсайри роҳи оҳан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол маълумот нест.
Ҷаббор Алӣ Зокирӣ ҳамчунин аз роҳандозии ду масири нави роҳи оҳан хабар дод, ки Эронро бо Туркия, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад. Яке аз хатсайрҳои нав Теҳронро бо Анқара мепайвандад ва дар давоми ду моҳи оянда роҳандозӣ хоҳад шуд. Хатсайри дуюм Теҳрон-Ҳирот то охири моҳи оянда ба кор шуруъ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистону Эрон парвозҳои мустақим вуҷуд доранд. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Varesh Airline” ба Теҳрон парвозҳо анҷом медиҳанд ва ширкати ҳавопаймоии Эрон низ аз Машҳаду Душанбе ва бозгашт парвоз мекунад.