Маблағи умумии содирот ба ин кишвар зиёда аз 45 млн долларро ташкил дод. Дар ин бора муовини директори Агентии содироти Тоҷикистон Хуршед Зуҳурзода зимни нишасти матбуотии охири моҳи июл хабар дода, афзоиши назарраси гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ва нишондиҳандаҳои баланди савдои пахтаро таъкид дошт.
Ба иттилои Азия плюс аз аввали соли 2025 Эрон аз Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор тонна нахи пахта харидорӣ кардааст, ки зиёда аз 83% аз ҳаҷми умумии содироти ин маҳсулотро ташкил медиҳад. Маблағи умумии содирот ба 45,7 млн доллар расида, мавқеи Эронро ҳамчун шарики асосии Тоҷикистон дар сиёсати кишоварзӣ ва иқтисоди хориҷӣ таҳким бахшид.
Сабаби таваҷҷуҳи зиёди Эрон норасоии ашёи хом барои саноати нассоҷӣ унвон мешавад. Тибқи маълумоти Фонди пахтаи Эрон, талаботи солонаи кишвар ҳудуди 180 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар дохили кишвар ҳамагӣ 70-80 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешавад. Ин фарқият бо воридот ҷуброн шуда, пахтаи Тоҷикистон ба туфайли сифати хуб ва аз лиҳози ҷуғрофӣ наздик буданаш ба Эрон, ба яке аз манбаъҳои асосии воридот табдил ёфт.
Пахтаи Тоҷикистон боз ба кадом кишварҳо интиқол ёфт?
Аз моҳи январ то июни соли 2025 аз Тоҷикистон ба маблағи 54,6 млн доллар ҳудуди 36,3 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содир гардид, ки самти асосӣ Эрон буда, ба ин кишвар зиёда аз 30,9 ҳазор тонна ин маҳсулот фиристода шуд. Ин нишондиҳанда 83,61% аз ҳаҷми умумии содиротро ҳам аз рӯи нарх ва ҳам ҳаҷм ташкил медиҳад.
Ба иттилои Агентии содирот, ба ҷуз Эрон пахтаи Тоҷикистонро Русия (ба маблағи $4 млн), Туркия ($1,97 млн), Покистон ($1,1 млн) ва Чин ($286 ҳазор) харидаанд.
Ҳаҷми асосии пахта аз вилояти Хатлон ба маблағи 29,6 млн доллар ё худ 54,22% ва вилояти Суғд ба маблағи 25 млн доллар ё худ 45,78% таъмин шуд.
Нархи содироти 1 тонна пахта ба ҳисоби миёна 1506 долларро ташкил дод.
Вохӯрии вазирон дар Чин: аз пахта то фермаҳои ҳушманд
Дар чаҳорчӯби Машварати 10-уми вазирони кишоварзии давлатҳои узви СҲШ 30 июли соли 2025 вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон Ғуломризо Нурӣ баргузор гардида, дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳвили нахи пахта ва ҷорисозии фермаҳои ҳушманд (смарт- фермаҳо) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷоннок намудани раванди амалишавии ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои кишоварзии ду кишвар, тақвияти кори Гурӯҳи кории муштарак ва баргузор намудани ҷаласаи навбатӣ дар Эрон, масоили механиконӣ, коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин ба масоили ҷорисозии технологияҳои рақамӣ, рушди парвариш дар гармхонаҳо ва моҳипарварӣ, рушди инфрасохтори сифат, яъне бунёди лабораторияҳои арзёбии сифати об, хок ва маҳсулоти ниҳоӣ, ки дорои аккредитатсияи байналмилалӣ бошанд, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои фаромарзӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, боғдорӣ, шолипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Ғуломризо Нурӣ омодагии Эронро ба татбиқи муштараки лоиҳаҳо изҳор дошта, зикр кард, ки рушди ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ қисмате аз сиёсати калидии Эрон оид ба таҳкими робитаҳо бо ҳамсоякишварҳо мебошад. Дар навбати худ, Қурбон Ҳакимзода ҷонибдории Тоҷикистонро ба қарордодҳои ҳосилшуда тасдиқ намуда, ҷараёни иҷрои онҳоро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Сиёсати содироти Тоҷикистон чӣ гуна ба созишномаи пахта бо Эрон таъсир мерасонад?
Мувофиқи пешгӯиҳо, давоми солҳои 2026-2026 истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон аз 422 ҳазор тонна дар соли 2026 то 437 ҳазор тонна дар соли 2028 афзуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта то 150 ҳазор тонна ва ришта (калоба) – то 49 ҳазор тонна мерасад.
Ҳамзамон бо ин сохтори содирот тағйир меёбад: агар тадриҷан коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта аз 72 ҳазор тонна дар соли 2026 то 56 ҳазор тонна дар соли 2028 ба нақша гиифта шуда бошад, пас содироти ришта тибқи нақша, аз 14 то 18 ҳазор тонна зиёд мешавад.
Сиёсати содироти Тоҷикистон, ки ба тадриҷан коҳиш додани интиқоли нахи пахтаи хом ва рушди фаъолонаи коркарди амаиқи дохилӣ нигаронида шудааст, ногузир ба шакли созишномаи пахта бо Эрон таъсир расонида, онро бештар маҷмӯавӣ ва бисёрсоҳавӣ мегардонад.
Ба гуфтаи мутахассиси бахши кишоварзӣ Баҳодур Ҳайитов, тадриҷан коҳиш додани содироти нахи пахта метавонад ба камшавии ҳаҷми содироти мустақими ашёи хом ба Эрон боис гардад. Дар ин ҳолат, Тоҷикистон метавонад ба Эрон риштаро пешниҳод намояд, ки истеҳсоли он то соли 2028 то ба 18 ҳазор тонна зиёд мешавад.
Дигар шаклҳои ҳамкорӣ низ имконпазир аст, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, табодули технологияҳо, рушди коркарди дохилӣ ва пешбурди фурӯши маҳсулоти тайёр ба бозори дигар кишварҳо.



