16 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат дар оғози мулоқот ташрифи Вазири корҳои хориҷии кишвари дӯстро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистонро ба масъалаҳои таҳкиму тавсеаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвар дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар таъкид карданд.
Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар навбати худ аз пазироии гарм изҳори сипос карда, саҳми шоёни Пешвои миллатро дар рушди пайвастаи ҳама ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъкид кард.
Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамдастии ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти идомаи муколамаи пайвастаи сиёсиро барои такони тоза бахшидан ба робитаҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ, амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак зикр карданд.

Эмомалӣ Раҳмон вазири ВКХ ҶҚ Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Блоки рекламавӣ


