Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғзистон мулоқоти кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров доир гардид, навишт сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Манбаъд иттило] дод, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд. Натиҷаҳои самараноки сафарҳои давлатии чанде пеши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина, cарони давлатҳо аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаъҳои робитаҳои дуҷонибаро таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти марзи давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи мавзуъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь