26 август Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом доданд.
Сафари кории Роҳбари давлат аз ноҳияи Тоҷикобод оғоз ёфт.
Дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои нави истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи заминларза зарар дида буданд, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин ҷо бо кӯмаку дастгириҳои Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои зарардида қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, 14 манзили истиқоматии чорҳуҷрадор барои оилаҳои манзилашон пурра вайроншуда ва 22 хонаи дуҳуҷрадор барои оилаҳои қисман зарардида, дар маҷмуъ 36 хонаи истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии рӯзи 13 апрели соли 2025 дар 13 деҳаи ноҳияи Тоҷикиобод 471 иншоот зарар дида буданд. Аз ҷумла 33 хонаи истиқоматӣ пурра ва 164 манзили истиқоматӣ қисман, 3 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар иншооти ёрирасон осеб дида буд. Ҳаҷми умумии хисорот наздики 8 миллион сомониро ташкил дода буд.
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати 4 моҳ дар деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло деҳаи навбунёд бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби нушокӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ таъмин мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар бо лоиҳаҳои иншооти нав, ки ояндаи наздик дар ҳамин мавзеъ сохта мешавад, шинос шуданд.
Мувофиқи нақша бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар деҳаи навбунёди Лангари Шоҳ муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 600 хонанда дар ду баст, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 100 кӯдак ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд мегардад.
Президенти кишвар пас аз шиносоӣ бо шароити манзилҳои нави истиқоматӣ ва суҳбати самимӣ бо сокинон ҳамзамон 5 иншооти нав, аз ҷумла биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 дар деҳаи Сафедмун, бунгоҳи тиббӣ, хатти оби нӯшокӣ барои 557 хоҷагӣ, Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бинои иловагии Маркази инкишофи кӯдаконро тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь