9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд.
Дар корхона зиёда аз 5 навъи маҳсулоти гуногуни пластикӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона 100 фоиз содирот карда мешавад.
Ҳоло барои фаъолияти самарабахш ва коркарди босифати маҳсулоти корхона зиёда аз 80 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид, ки 35 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди марҳилаи сеюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» муаррифӣ карда шуд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи сеюм аз 4 коргоҳ иборат буда, тавассути он коркарди солонаи алюминий ба 8000 тонна расонда мешавад.
Пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи сеюми корхона, шумораи кормандон ба 300 нафар расонида мешавад.
Ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулоти онҳо дар 10 моҳи соли 2025 ба зиёда аз якуним миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь