Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ- саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ дар давраи татбиқи он солҳои 2019-2025 беш аз 2 ҳазору 600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, соли 2025 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баён намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар 75 соли замони гузашта, яъне то соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор вуҷуд дошту халос.
Дар даҳ соли охир бунёди корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ аз 3 ҳазор зиёд гардид.

Эмомалӣ Раҳмон: Дар ҳафт сол беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
Блоки рекламавӣ


