Дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд.
Пас аз имзои санадҳо ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Руссия оид ба ҳамкории байналмилалии башардӯстона Михаил Швидкой Қарори Раёсати Хазинаро дар бораи сарфароз гардонидани Раиси Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона»- ро эълон намуд.
Блоки рекламавӣ



