Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард.
Аз маркази матбуоти сардори давлат хабар доданд, ки ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Блоки рекламавӣ