Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 соли 2025-ро барои Тоҷикистон боз як соли бобарору таърихӣ ва дастоварду пешравиҳои назаррас арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири манфии омилҳои берунӣ Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар самти сиёсати хориҷӣ ба дастоварду нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
«Барномаю нақшаҳои муҳимме, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ қабул шуданд, соли 2025 бомаром амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд ва мо ба ҳадафҳои гузоштаамон хеле наздик шудем»,- изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь