Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ҳама эълону даъватҳо барои кор дар Британия бовар накунанд.
Ин созмон 9-уми январ дар хабарномае навиштааст, даъватҳо ба кор дар Британия, ки тариқи паёмрасонҳои Вотсап ва Телеграм ирсол мешаванд, дуруғанд, чун “корфармоёни воқеӣ ҳеҷ гоҳ барои муошират аз паёмрасонҳо истифода намебаранд”.
Мутахассисони созмон ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир “танҳо дар сомонаҳои расмии ширкатҳо сабти ном кунед”.
“Ҳамчунин, ба таблиғҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед, аксари ин эълонҳо метавонанд бардурӯғ бошанд. Ҳар иттилоъро ҳатман дубора санҷед. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британияи Кабир ба ҷуз аз Барномаи коргарони мавсимӣ дигар имкони кор вуҷуд надорад,” – омадааст хабарномаи Созмони байналмилалии муҳоҷират.
Солҳои ахир шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд барои корҳои мавсимӣ, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ ба Британияи Кабир раванд. Дар ин миён даҳҳо нафар аз фиреб хӯрданашон шикоят кардаанд.

“Эълонҳои кор дар Британия дурӯғанд”. Ҳушдори Созмони муҳоҷират
Блоки рекламавӣ


