Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ истифодаи электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар шаҳр то соли 2030 муваққатан манъ гардидааст.
Дар хабар омадааст: “Фаъолияти электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ, ба истиснои воситаҳои сайёри инфиродии ба қайди давлатӣ гирифташуда дар роҳҳои автомобилгард ва пиёдагарди ҳудуди шаҳри Душанбе, ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда то соли 2030 муваққатан манъ карда шуд”.
Шаҳрдорӣ ҳадаф аз ин тасмимашро бенизом будани фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо, зиёд шудани садамаҳо бо иштироки онҳо ва халал расондан ба ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон будааст.Ҳамчунин шаҳрдорӣ қайд кардааст, ки манъи ин намуди нақлиёт ба хотири риоя накардани талаботҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ аз сӯи истфодабарандагон ҳисобидааст.
Шаҳрдорӣ гуфтааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард то фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохтори ин иқдом зарурӣ аст.

Электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар рӯйихати сиёҳ
Блоки рекламавӣ


