Ҳайати экспедитсияи “Сайёҳат ба қалби Авруосиё-2025” ба маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар расиданд. Онҳоро раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид ва дигарон дар назди бинои Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар истиқбол карданд.
Сипас, онҳо дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гулчанбар гузошта, баъдан аз Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии «Авасто»-и вилояти Хатлон дидан карданд.
Баъди боздид аз осорхона иштирокчиёни экспедитсияро масъулони ҳукумати шаҳр ба назди гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ бурда, аз ин мавзеъи истироҳати ва муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ дидан карданд. Сипас шоми базму тараб дар майдони Теппаи Қӯрғонтеппаи шаҳри Бохтар, бо иштироки беҳтарин санъаткорон баргузор гашт. Ҳамзамон меҳмонон дар саҳни тарабхонаи Эҳсони шаҳр аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунармандӣ дидан карданд.