Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки нисбаташ бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтишотӣ пешакӣ қарор дорад, 8-уми январи соли 2026 телефони мобилии марди 30-солаи сокини ноҳияи Вахш тамғаи “Айфон-13”-ро бо арзиши ҳазору 900-сомонӣ нархгузорӣ карда, бо пардохти 2-адад купюраи 100-доллараи амрикоӣ, ки тибқи санади шуъбаи минтақавии Бонки милии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ин купюраҳо аслӣ набуда, қалбакӣ мебошанд, харидорӣ намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба охирин зарари ҷидди моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь