Паҳншавии асъори қалбакӣ яке аз хатарноктарин ҷиноятҳои иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, ба низоми молиявии давлат, эътимоди шаҳрвандон ва рушди иқтисодии ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад.
Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ, як гурӯҳ паҳнкунандагони купюраҳои 100-доллараи қалбакиро ошкор ва ду нафарро дастгир намуданд.
Нисбати гумонбарон бо моддаи 281 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь