Ниммуҳофизатгари маъруфи дастаи футболи “Истиқлол” Эҳсони Панҷшанбе ҳунарнамоиашро дар кишвари Малайзия давом медиҳад!
Дар ин бора сайти дастаи футболи “Истиқлол” хабар додааст. Сайт менависад:
“Нимҳимоятгари «Истиқлол» ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Эҳсон Панҷшанбе ба корномаи футболии худро дар чемпионати Малайзия идома медиҳад. Эҳсон бо имзои шартномаи яксола ба ҳайати дастаи «Теренгану» гузариш намуд. Айни ҳол ин тим пас аз аз 13 даври чемпионати Малайзия дар зинаи 5-ум қарор дорад. Интизор меравад, ки Эҳсон дар «Терегану» зери шумораи 10 ҳунарнамоӣ менамояд.
Клуби фуболи «Истиқлол» ба Эҳсон Панҷшанбе дар дастаи наваш барору комёбиҳо таманно менамояд!”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь