29 – уми августи соли 2025 дар қисмати шарқии деҳаи Сесангаи ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ярч ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса симчӯби оҳанини хати барқии баландшиддати 35-ҳазор кВт корношоям шуд. Hоҳи мошингузари собиқ Оби Гарм-Нуробод баста гардид.
Ярч маҷрои дарёчаи Кундалангро баст. Эҳтимол мерафт оби ҷамъшуда як қисмати иншоотҳои ҷамоати шаҳраки Оби Гармро зери об кунад.
31-уми август дар қисмати шарқии деҳаи Сесанга ҳодисаи ярч дубора такрор шуд. Bн бор қитъаи хоку лой дар ҳаҷми бештар сарозер гардид. Хати кандашавии ярч ба зери бинои истиқоматии шаҳрванди ин деҳа Раҷабов Муродалӣ омад. Бо мақсади пешгирӣ аз хисорот масолеҳи сохтмонии бинои истиқоматии ӯ таҷзия (демонтаж) карда шуд. Ба ҷойи маҳкамшудаи дарёи Кундаланг лойу хоки иловагӣ зам шуд. Дар айни замон баландии оби ҷамъшуда дар дарёи Кундаланг як метрро ташкил медиҳад. Хонаводаи Муродалӣ Раҷабов ба хонаи падараш, ки дар қисмати дигар ва бехатари деҳаи Сесанга аст, кӯчонида шуд. Ба қисмати зарардидаи рӯди Кундаланг як адад погрузчик ва як мошини боркаши тамғаи “Дулан” сафарбар гардида, корҳои боз намудани маҷрои оби дарё идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь