Дар рӯзи охири баргузории мусобиқаи ҷудои Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 дар Остона варзишгари Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд ва дар байни намояндагони 42 кишвар панҷум шуданд.
Паҳлвонони маъруфи тоҷики Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба гирифтани медали тило мушарраф шуд. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари бетараф Ҳасан Холмирзоев, дар чорякфинал бар варзишгари Озарбойҷон Зелим Тскаев, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гошилаидзе ва дар финал варзишгари Бразил Гуилҳерме Шмидтро мағлуб намуда, аввалин медали тилоро аз мусобиқаҳои Гранд Слам ба гардан овехт. Сомон қаблан дар Гранд Сламҳо ду медали биринҷӣ дошт.
Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд. Ин навбат низ мисли Гран Прии Душанбе Темур дар финал аз Тамерлан Башаев шикаст хӯрд.
Темур Раҳимов дар вазни +100кг рақобатро аз даври дуюм шуруъ карда, бар варзишгари фаронсавӣ Ҷозеф Тереч, дар чорякфинал бар варзишгари бетараф Валерий Ендовитский, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Саба Инанеишвилӣ пирӯз шуд, вале дар финал аз варзишгари дигари бетараф Тамерлан Башаевро мағлуб гардида, медали дуюми нуқра ва ҳафтум медалро аз мусобиқаҳои Гранд Слам ба даст овард. Темур қаблан дар Гранд Сламҳо як медали тило, як медали нуқра ва чор медали биринҷӣ дошт.
Дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.



