Якуми сентябр дар ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тяндзини Чин созишномаҳо оид ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддир ва Маркази мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои созмон имзо гардид.
Дар ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тяндзини Чин созишномаҳо оид ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддир ва Маркази мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои созмон имзо шуд.
Қарор шуд, ки маркази зидди маводи мухаддири ин созмон дар Душанбе таъсис ёбад. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа суханронӣ карданд, таъсиси ин марказро барои мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ муҳим номиданд.
Блоки рекламавӣ



