Сорбон Холмуҳаммадзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон 5 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, дар пайи санҷиш дар сохторҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, изофанависии нерӯи барқро ба суратҳисоби муштариён дар ҳаҷми 321 миллион кВт соат ба маблағи 106 миллион сомонӣ ошкор намудаанд.
Чунин қонуншиканӣ ба гуфтаи ӯ, дар идораҳои гуногун, аз ҷумла, дар филиалҳои шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Гулистон, Истаравшан ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ сабт шудааст.
Дар ин нишаст, ҳамчунин гуфтанд, ки худи кормандони идораҳои тақсимоти барқу мудирияти ин соҳа ба қонуншиканиву фиребгарии мардуму муассисаҳо машғул шуда, ҷазо гирифтаанд.
Аз ҷумла, ба қавли Холмуҳаммадзода, нисбати беш аз 400 нафар корманди идораҳои барқ парвандаи маъмурӣ ва нисбати 130 тани дигар парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Изофанависӣ, барқдуздӣ ва фиребгарии нозирони барқ!
Блоки рекламавӣ


