Зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни сокинон, бахусус насли наврас изҳори нигаронӣ намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷумла, иброз намуданд, ки вақтҳои охир дар байни сокинони мамлакат, бахусус насли наврас ҳолатҳои истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Таҳқиқоти илми тиб собит намудааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, бахусус ҷавонону наврасон зараровар буда, ба зиёдшавии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла саратон оварда мерасонад.
Аз ин рӯ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор намуданд, ки қонунгузории мамлакатро дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода, оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Дар ин замина ба милитсияи пойтахт дастур дода шуд, ки аз шаҳрвандон, падарону модарон, фаъолони ҷомеа, масъулини мактабу маориф ва аҳли ҷомеа хоҳиш намояд, ки ҳар амалу рафтори наврасонро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли равон аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 115 далели истеъмоли чилим, ба истилоҳ «калян» ва сигорҳои гуногуни электронӣ дар дохил ва атрофи муассисаҳои таълимӣ ошкор карда шуд.
Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вақтҳои охир истеъмоли маҳсулоти тамоку, махсусан чилим (калян) ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби ноболиғон зиёд ба назар мерасад. Ин омили басе номатлуб оқибат метавонад истеъмолкунандагони онро ба бемориҳои вазнину мушкил гирифтор намояд.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», кашидани ҳама навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ ва коргоҳҳои давлатӣ қатъиян манъ мебошад.
Тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас мешавад.

Изҳори нигаронии Рустами Эмомалӣ аз истифодаи сигорҳои электронӣ
Блоки рекламавӣ


