“Гурӯҳи лубнонии “Ҳизбулло” шоми 11 март аз Лубнон тақрибан 100 мушак ба самти шимоли Исроил партоб кард”, – хабар медиҳад The Times of Israel, бо истинод ба Артиши мудофиаи Исроил. Аз сабаби зарбаи мушакӣ бонги изтироб дар Хайфа, Ҷалил ва баландиҳои Голан садо доданд.
Тибқи маълумоти пешакии кормандони тиббии Исроил, ду нафар захмӣ шуданд. Маълумот дар бораи зарардидагон мушаххас карда мешавад.
Мақомоти Исроил бар ин назаранд, ки шоми 11 март зарбаҳои мушакии “Ҳизбулло” ва Эрон шадидтар хоҳанд буд.
Ин бузургтарин ҳамлаи “Ҳизбулло” ба Исроил аз оғози ҷанг дар Шарқи Наздик аст. “Ҳизбулло” Эронро дар ҷанг бо Исроил дастгирӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь