Эрон ва Фаронса мегӯянд, ки онҳо ба созишнома дар бораи табодули ду маҳбуси фаронсавӣ бо як шаҳрванди Эрон, ки дар Фаронса зиндонӣ аст, наздиканд.
Рӯзи 6 октябр, хабаргузории “reuters” хабар дод, ки мансабдорони ду кишвар нишонаҳои наздикшавӣ ба созишномаро нишон медиҳанд.
Сесил Колер ва Жак Париж, шаҳрвандони Фаронса, дуюним сол пеш дар Эрон бо иттиҳоми “ҷосусӣ ба нафъи Исроил ва кӯшиши сарнагун кардани ҳукумати Эрон”боздошт шудаанд.
Велосипедрони 19 – солаи фаронсавӣ-олмонӣ Кристиан Жан-Пирло Монтреллос бошад, чанд моҳ пеш, дар рӯзи сеюми ҷанг байни Исроил ва Эрон боздошт шуда буд, аммо рӯзи душанбе додгоҳи Бандар Аббос ӯро бо иттиҳоми ҷосусӣ сафед кард.
Вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан Ноэл Барро рӯзи душанбе гуфт умедвор аст, ки табодули асирон дар чанд ҳафтаи оянда сурат мегирад.

Ивази маҳбусон
Блоки рекламавӣ


