Иттиҳоди Аврупо нуздаҳумин бастаи таҳримҳо алайҳи Руссияро тасвиб карданд, ки аз ҷумла, шомили манъи воридоти гази моеъ аз Руссия бояд шавад.
Дар баёнияи кишвари Дания — раҳбари давраии Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 22 октябр нашр шуд, омадааст, “мо бисёр хурсандем, ки эълон кунем охирин кишвари узв ба мо хабар дод, ки акнун метавонад шарти худро дар мавриди нуздаҳумин бастаи таҳримҳо бекор кунад”.
Словакия охирин кишваре буд, ки пас аз созиши кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бар сари матни ниҳоии таҳримҳо дар ҳафтаи гузашта, мухолифати худро эълон карда буд.
Нахуствазири ин кишвар хостори замонатҳое аз сӯи Комиссияи Аврупо дар бораи қимати болои энержӣ ва ҳамсӯ кардани ҳадафҳои иқлимӣ бо ниёзҳои худравсозон ва саноати вазнин буд.
Баёнияи раёсати давраии Дания меафзояд, “дар сурати набуди эътироз, ин баста фардо соати ҳашти субҳ қабул хоҳад шуд”.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, Президенти Амрико ҳам аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи ду ширкати калони нафтии Русия — “РуссНефт” ва Лукойл”, хабар дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь