Суди болоӣ дар шаҳри Болонияи Италия амр дод, ки Сергей Кузнетсов, шаҳрванди Украинаро ба Олмон диҳанд, чун муфаттишон собит кардаанд, ки ӯ дар тарконидани лӯлаи гази «Маҷрои шимолӣ-1» ва «Маҷрои шимолӣ-2» даст дорад.
Суд ҳукми суди поёниро дар бораи истирдод накардани Кузнетсов беэътибор кард. Адвокати гумонбар дар ҷиноят Никола Канестрини гуфтааст, ки аз ин ҳукм ба Суди болоии таҷдиди назар дар Италия шикоят мебарад, зеро дар ҷараёни тафтишот ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ додаанд.
Ба фикри муфаттишони Олмон, 26-уми сентябри соли 2022 гурӯҳи иборат аз 6 нафар як қаиқро бо санадҳои сохта иҷора гирифтаанд ва бо асбобҳои ғаввосӣ дар се шохаи лӯлаҳои гази «Маҷрои шимолӣ» маводи тарканда насб кардаанд. Лӯлаи мазкур, ки Русияро ба Олмон мепайвандад, як роҳи муҳими таъмини газ барои Олмон буд.
Суди Олмон мегӯяд, Сергей Кузнетсов, яке аз ҳамоҳангсозони вайронгарӣ дар лӯлаи газ аст.
Худи вай иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки ҳангоми таркиши лӯла дар Украина буд. Сергей Кузнетсовро моҳи августи соли 2025 бо дархости Олмон дар Италия дастгир кард.

Италия: Гунаҳгорро ба Олмон супоред!
Блоки рекламавӣ


