Дар шаҳри Истиқлол бунёди марҳилаи дуюми корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мисии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Чин» идома дорад. Дар ин корхонаи саноатӣ дар маҷмӯъ 5 намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
То имрӯз қисми зиёди корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми корхона ба анҷом расида, хатҳои технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб шудаанд. Бо ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи дуюм ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзуда, шумораи ҷойҳои корӣ дар маҷмӯъ то 500 нафар мерасад.
Инчунин бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар шаҳри Истиқлол сохтмони ду корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад. Айни замон корҳои сохтмонӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷоҳак» идома дорад.
Иқтидори истеҳсолии корхона 100 тонна оҳаксанг дар як шабонарӯзро ташкил дода, баъди ба истифода супоридан дар он то 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Ҳамчунин сохтмони корхонаи коркарди оҳаксанги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳаки Истиқлол» бо саҳми соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуда, иқтидори лоиҳавии он 100 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад. Шумораи ҷойҳои корӣ дар ин корхона баъди ба истифода додан 100 нафарро ташкил хоҳад дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь