«Истиқлол» бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии охири даври 20-уми Лигаи олии Тоҷикистон пирӯз шуд.
Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии охири даври 20-уми Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб доир шуд. Бозӣ бо ҳисоби 6 бар 2 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар ин бозӣ голҳоро аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Аянвале Олаолува дар дақиқаи 11-уми бозӣ зад. Рустам Соиров дар дақиқаи 22-юм ҳисобро баробар кард. Сиёваш Ҳақназарӣ аз паси головари Ризо Деҳқонӣ истифода намуда, дар дақиқаи 27-ум дар ҳисоб дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо ба пеш баровард.
Дар дақиқаи 43-юми бозӣ Амирбек Ҷӯрабоев аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро 3 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сохт. Шериддин Бобоев дар дақиқаи 52-юми бозӣ гол зада, Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 78-уми бозӣ голи чаҳоруми дастаи «Истиқлол»-ро ба дарвозаи дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ворид намуд. Масрур Ғафуров дар дақиқаи 80-ум ва Шон Поул Камолафе дар дақиқаи иловагӣ 90+4-ум голҳои панҷум ва шашуми дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки маротибаи аввал дар давоми 9 соли охир дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 8 гол ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат дастаҳо чунин голҳои бештарро ба дарвозаи якдигар ба ҳадаф нарасонида буданд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 37 имтиёз ва 3 бозии захира дар ҷойи дуюм, дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 33 имтиёз дар зинаи чаҳорум, «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо 40 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь