Шаби 24 декабр Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии охирини марҳилаи гурӯҳии худро дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 ба муқобили дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон дар варзишгоҳи «Ҷавоҳирлол Неру»-и шаҳри Гоаи Ҳиндустон баргузор намуда, бо ҳисоби 2:1 ғолиб гардид.
Голҳоро дар ин бозӣ Деҷан Дразич, бозингари мизбонон дар дақиқаи 8-ум, Пол Комолафе, легионери африқоии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аз Нигерия дар дақиқаи 53-юм, Амирбек Ҷурабоев аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар дақиқаи 56-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расониданд.
Дар бозии дигари даври шашум дастаи футболи «Ал-Наср«-и Арабистони Саудӣ дар майдони худ бар дастаи «Ал-Завра«-и Ироқ бо ҳисоби калони 5:1 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ сарвони даста Криштиану Роналду дар нимаи аввал ҳунарнамоӣ кард. Ин аввалин бозии вай дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи Конфедератсияи футболи Осиё-2025/26 буд. Ба ин тартиб, дастаи «Ал-Наср«-и Арабистони Саудӣ, ки бо 18 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «D» ҷойи аввалро соҳиб шуд, ба плей-офф роҳхат ёфт. Тақдири роҳхати дуюм аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври охирини мусобиқа дар гурӯҳи «D» ҳал шуд.
Дастаҳои футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон 9-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ҷойи дуюмро гирифта, соҳиби роҳхат ба даври ҳаштякниҳоӣ шуд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол карда, аз ҳаққи иштирок дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь