Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё-2025/26 муқобили бошгоҳи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар ҳайати он капитани дастаи мунтахаби футболи Португалия Криштиану Роналду ҳаст, мегузаронад.
Ин бозии даври аввал дар гурӯҳи «D» 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз доир мешавад. Бозӣ соати 21:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 23:15 бо вақти Душанбе) сурат мегирад.
Ба иттилои маркази матбуоти бошгоҳи “Истиқлол”, футболбозони Душанбе, ки рӯзи 15-уми сентябр вориди Арабистони Саудӣ шуданд, дар шаҳри Риёз нахустин машқи худро зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко анҷом доданд.
Рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» ба ҷуз аз «Ал-Наср»-и Риёз, ки дар Про-лигаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, дастаҳои «Ал-Завра»-и Бағдод аз Премйер-лигаи Ироқ ва «Гоа»-и иёлоти Гоа аз Супер-лигаи Ҳиндустон ҳастанд.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё бо ширкати 32 даста сурат мегирад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь