Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, якуми октябр нахустин бозии хонагии худро дар даври гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар мавсими 2025/26 баргузор мекунад.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дастаи «Истиқлол» бо тими «Гоа» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ дорад. Оғози бозӣ соати 18:45 ба вақти Душанбе.
«Истиқлол» дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Ғарб бозӣ мекунад, ки рақибони он дастаҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Завроа» (Ироқ) ва «Гоа» (Ҳиндустон) мебошанд.
Бар асоси низомномаи мусобиқа, ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.
Блоки рекламавӣ



