Дар остонаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба 65 нафар кормандони техникӣ ва мутахассисони ҷавон маводи хӯрока ва туҳфаҳои молӣ тақдим карда шуд.
Дар маросими тақдими туҳфаҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуд.
Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки таъмини мутахассисони ҷавон бо манзили истиқоматӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди хона ва дигар тадбирҳои дастгиркунанда аз иқдомҳои шоистае мебошанд, ки барои ҳавасмандсозии онҳо равона шудаанд.
Зимни суҳбат Раҷаб Аҳмадзода аз мутахассисони ҷавон даъват ба амал овард, ки дар пешрафту ободии кишвар саҳми арзанда гузоранд. Таъкид гардид, ки ҳифзу гиромӣ доштани бузургтарин дастоварди миллӣ – Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад.
– Шумо бояд намунаи ибрат барои дигарон бошед ва барои соҳиб шудан ба дастовардҳои нав дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ талош намоед, – иброз дошт роҳбари вилоят.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь