Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.
Дар ин самт мумфаршкунии роҳҳои кӯчаву гузарҳои маркази шаҳр ва роҳҳои маҳаллаву деҳот бо дастгирии сокинону соҳибкорон, аз ҷумла маблағгузории шахсоне, ки нияти ҳаҷи такрорӣ доштанд, авҷи тоза касб кардааст.
Танҳо дар се моҳи охир маҷмуан зиёда аз 60 км роҳҳо пурра мумфарш гардида, аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Дар ҳудуди деҳоти “Гули сурх” 19 км, “Пошкент” 8 км, “Қалъачаи калон” 5,5 км, “Сабристон” 3,75 км, “Зарҳалол” 3,3 км ва “Қалъаи баланд”1,4 км роҳҳои дохилидеҳавӣ мумфарш карда шуданд.
Дар кучаву гузарҳои ҳудуди маркази шаҳр низ ин иқдом идома дошта, то имруз дар кумитаҳои маҳаллаи “Ваҳдат” 4,7 км, “Зафар” 3,5 км, “Курушкада” 2,2 км, “Рустамбек” 2 км, “Навоӣ” 2 км, “Исмоили Сомонӣ” 1,6 км, “Уротеппа” 1,1 км, “Имоми Аъзам” 1 км ва “Навобод” 1 км роҳҳо мумфарш гардиданд.
Мумфаршкунӣ идома дошта, сокинони шаҳр бо истифода аз боду ҳавои мусоид ба ободонии роҳу пулҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь