2-юми сентябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра Ҷ», Ортикбоев Ҳусниддин Абдушукурович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди деҳаи Нофароҷи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ барканор шуда, ба дарахти сояафкан бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Ортикбоев Ҳ.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Дар ин бора Хадамоти матбуотии вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.
Блоки рекламавӣ